spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти фурӯшандаи силоҳи сард дар Душанбе

Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки аз охири соли 2019 дар қаламрави шаҳри Душанбе ҷараён дорад, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт Алиакбар Эмомов, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯш ва паҳнкунии ашёҳое, ки ба сифати силоҳи сард истифода шуда метавонанд, машғул будааст.

“Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд”, – қайд мешавад дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдрас мекунем, дар мақомоти милитсияи пойтахт амалиёти шартии “Корд” ҷараён дорад, ки дар рафти он тадбирҳои аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дарёфт кардан ва мусодираи яроқи сард, аз ҷумла, корду кастет, электрошоку чӯбдастҳо ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Ҳолатҳои зӯроварӣ ва муноқишаҳо бо истифода аз яроқи сард ахиран дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвоӣ ва хунукназарии волидону омӯзгорон ва ҳамаи аҳли ҷомеа сабаби аслии афзоиши падидаҳои манфӣ миёни ноболиғон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...