spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба истеҳсолгари асали сунъӣ 2 соли корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Деваштич маълумоти фаврӣ мерасад, ки сокини 22-солаи ин ноҳия Шаҳриёр Қосимов дидаву дониста истеъмолгаронро фиреб медиҳад.

“Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда, бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити кӯҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монандро омода месохт.

“Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Ба иттилои тафтишоти пешакӣ, гумонбаршуда барои таҳияи 1 кг асали сунъӣ наздики 10 сомонӣ хароҷот мекард ва онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт.

Зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати Шаҳриёр Қосимов тибқи талаботи моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ – фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ба ӯ ҷазои 180 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...