spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кумитаи амният аз боздошти чанд нафар барои пайравӣ аз “Салафия” хабар медиҳад

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз боздошти чанд нафар бо гумони пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар кишвар мамнуъи “Салафия” хабар медиҳад, ки 5 нафар сокинони Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Кормандони КДАМ Тоҷикистон ба гумони узвият дар ин ҷараён сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ – Абдулҳақ Обидов, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Ахмадхоҷа Табаровро боздошт карданд, хабар медиҳад бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ.

Миёни боздоштшудагон ҳузур доштани имомхатиби масҷид дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдулҳақ Обидовро ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин тасдиқ карданд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикитсон (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...