Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели ба муомилот баровардани долларҳои қалбакии ИМА чор нафар шаҳрвнадони Тоҷикистонро боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар Душанбе.
Боздоштшудагон Сулаймон Искандаров, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва се сокини пойтахт – Искандар Гулаҳмадови 30-сола, Фирдавс Шукурови 27-сола ва Сорбон Эгамқулови 26-сола номбар шудаанд.
Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон 26 адад купюраҳои 100-доллара ва 66 адад купюраҳои 50-доллора, ки дар маҷмуъ 5-ҳазору 900-долларро ташкил дода, дар дастгоҳи чопии ранга тайёр шудаанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд.
Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Сулаймон Искандаров 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Искандар Гулаҳмадов додааст.
“Искандар Гулаҳмадов бошад, ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Фирдавс Шукуров ва Сорбон Эгамқуловро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд”, – омадааст дар хабар.
Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Дар сурати исботи гуноҳ, ба ҳар кадоме аз онҳо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.