spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳабси пулчинаки маршруткаи Душанбе барои таҳқири мусофирон

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба нашри маълумоти корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи муносибати пулчинак (кондуктор) ва ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон расидагӣ карда, чораҳои дахлдор андешид.

“Як донишҷӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет бо дархости чораҷӯӣ нисбати пулчинаки микроавтобус (маршрутка)-и №54 (рақ/давл. 1693ТТ05), ки рӯзи 4 май ҳангоми кор нисбат ба мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ рафтори дағалона карда, суханҳои қабеҳ ба забон овардааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД-и пойтахт.

Ҳамчунин дар хабар дар бораи аз ҷониби ронандаи ин микроавтобус риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сухан мерафт.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, шахсияти ронанда ва пулчинак муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.

“Пулчинаки микроавтобус, ҳамзамон соҳибмулки воситаи нақлиёт сокини 27-солаи ноҳияи Муъминобод Авази Расули Нурализода иқрор шуд, ки дарвоқеъ ҳам нисбати шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймон аст”, – иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Авази Расули Нурализода

Бо қарори суд нисбати Нурализода санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Нисбати ронандаи автомашинаи мазкур Бадриддин Турдиеви 36-сола, сокини шаҳри Кӯлоб барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон воситаи нақлиёт аз ҳаққи хизматрасонӣ дар ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бадриддин Турдиев

Ҳамзамон нисбати муҳандиси бехатарии роҳ дар ширкати мусофиркашонии ҶДММ “Муҳаммадҷон Д” Саид Гадоев, ки хатсайри мазкур ба ҳамин ширкат дахл дорад, бо моддаи 341 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, огоҳонида шуд, ки минбаъд нисбати сифати хизматрасонӣ ва амалу рафтори ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ширкат назорат ва корбариро ба таври қатъӣ ба роҳ монад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саид Гадоев

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...