Алайҳи Иззат Амон вакили мудофи муҳоҷирони меҳнатӣ ва мудири "Маркази тоҷикон" дар Маскав, 6 шикояти дигар ворид шудааст, аммо то кунун муфаттиши парванда дар ин маврид пурсиш нагузаронидааст. Дар ин бора Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон, имрӯз, 17-уми май ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Вакили дифоъ мегӯяд, қарор аст рӯзҳои наздик муфатиш бар асоси шикоятҳои ворида пурсиш бигузаронад. Аммо ӯ мегӯяд, ки ҳоло маълум нест зерҳимояааш ин шикояткунандаҳоро мешиносад ё не, чун дар гузашта Иззат Амон гуфта буд, бархе аз шикояткунандаҳоро намедонад ва бори аввал мебинад.
Ин вакили дифоъ мегӯяд, ки онҳо ҳоло талош доранд, ки ҳар зарари расидаеро, ки Иззат Амон бар дӯш мегирад, таллофӣ кунанд.
Ҳоло ба гуфтаи вакили дифоъ дар парвандаи Иззат Амон ҳеч таъғйироти наве нест.
Ҳамчунин Шарипов шароити нигоҳубини зерҳимояашро хуб арзёбӣ карда, мегӯяд шиканҷае нашудааст. Ӯ сару садоҳои рӯзҳои ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимои дар бораи Иззат Амон нашршударо беасос медонад.
«Ҳар гапу хабаре дар дохил шавад ба ман мегӯяд, чун василаи тамос миёни хонаводаву фарзандонаш манам. Ҳар чизе бошад ба онҳо ман мерасонам, ҳар гапу овозае, ки мегӯянд асос надорад. Ба ворид шудани ману фарзандаш низ монеае пеш намегузоранд»,-мегӯяд Шарипов.
Ин изҳори назари Шарипов дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Радиои Озодӣ бо такя ба бархе аз ҳамкорони Иззат Амон дар Русия навишт, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро дар Русия ва наздиконашонро дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор дода, аз онҳо хостаанд, ки дигар бо Иззат Амон нишасту бархост накунанд ва корҳои маъмулии худро идома бидиҳанд.
Вакили дифои Иззат Амон аз афроде нигаронӣ кард, ки дар расонаҳо барои пуштибонӣ аз зерҳимояааш изҳори расонидани ёриҳои молиявиро кардаанду вале амалан ҳеч ёрие нарасонидаанд.
«Онҳо мегӯянд омодаанд 100 дар 100 зарари гӯё расонидаи Иззат Амонро таллофӣ кунанд, вале танҳо гап мезананду тариқи расонаҳо “дастгирии ҳавоӣ” мекунанд. То имрӯз касе ёрие накардааст. Агар онҳо бихоҳанд ёрӣ кунанд ба ҳамсараш, ки дар Маскав ва писараш, ки дар Тоҷикистон аст, метавонанд як суратҳсоб кушоянду кӯмак намоянд. Маълум аст, ки барои ба назди Иззат ворид шудан иҷозат нест, вале метавонанд оила ва фарзандашро дастгирии моддию маънавӣ намоянд», – гуфт Шарипов.
Ҳимоятгари Иззат Амон ҳамчунин хабар дод, ки муваккилаш аз он хушнуд аст, моҳи гузашта соҳиби набера шудааст ва номашро Амон гузоштааст.
Ин гардиши нав дар қазияи Иззат Амон дар ҳолест, ки 22 апрел, Сайидбурҳон Шарипов ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.
Шарипов гуфа будт, ки то кунун парвандаи Иззат Амон танҳо бар асоси як моддаи кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ тафтиш шудаа истодааст, ки зерҳимояааш 4 шикояти нисбат ба ӯ воридшударо эътироф карда, 1 шикояти дигар эътироф накардааст. «Зерҳимояи мо як ҳолатро эътироф накард ва имкон дорад инро суд бубинад. Вақте ҳолатеро эътироф намекунад, дар суд бояд исботи худро ёбад».
Ин вакили дифоъ мегӯяд, ки зерҳимояааш ба ҷинояте гумонбар аст, ки ҷинояти ошкоро буда, ягон паҳлӯву мушкилии дигар надорад.
Иззат Амон 25-уми март пас аз он ки дар Русия додгоҳе шаҳрвандияшро бекор кард, бедарак шуд ва чанд баъд, ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ӯро боздошт кардааст.
Дар суҳбати 16-уми апрел бо "Азия Плюс" яке аз надикони Иззат Амон дар бораи навҳаи боздошт ва ба Душанбе овардани ӯ гуфта буд, ки аз вақте, ки ӯ дар Маскав бедарак шуду онҳо ӯро меҷустанд, ҳеч иттилое наёфтанд. Баъадан дар изҳороти ВКД гуфта шуда буд, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шуд. Аммо Иззат ба хона наомада буд, агар ӯ худаш ба Душанбе меомад бояд ба хона меомад, ҷойи дигар рафтан наметавонист. Вале мо баъди чанд рӯзи кофту коб, баъди нашри изҳороти ВКД фаҳмидем, ки дар Душанбе ҳасту боздошт шудааст, гуфта буд манбаъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.