Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави шаҳри Бохтар зимни фурӯши миқдори зиёди ҳашиши афғонӣ сокини 21-солаи ноҳияи Балхӣ Нусратулло Акобировро дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, аз боздоштшуда 29 килову 560 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, зимни бозпурсии аввал Акобиров иқрор шудааст, ки маводи нашъаоварро дар ноҳияи Ҷайҳун аз шаҳрванди Афғонистон харида, барои фурӯши минбаъда ба шаҳри Бохтар овардааст.
“Ӯ ҳангоми вохӯриаш бо харидор аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир гардид”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати ба шаҳрванд Нусратулло Акобиров бо моддаи 200 қ.4, б. “д” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷинои оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.