Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз се мавриди дуздӣ дар ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон ва Ҷаббор Расулову шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод дар се мавриди дуздӣ ҷамулҷамъ 27,8 ҳазор сомонӣ рабуда шудааст.
Аз ҷумла сайти ВКД менависад, ки аз хонаи як сокини 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Расулов, ахминан соати 23:00 бо роҳи пинҳонӣ 4 ҳазору 500 сомонӣ пули нақд ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааанд, ки зарари расонида дар маҷмуъ 15 ҳазору 300 сомониро ташкил додааст.
ВКД дар дуздинаи ин пул ва ҷавоҳиро як ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳияро гумонбар медонад ва мегӯяд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 244 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ҳамчунин ВКД аз ғорат шудани мағозаи маҳсулоти сохтмонии як сокини ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара хабар медиҳад.
"Шаби 24 ба 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ, воқеъ дар деҳаи Нурбахш шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд".
ВКД аз содир шудани як ҷинояти дуздии дигар дар шаҳри Конибодом хабар медиҳад, ки рӯзи 29 апрел аз ҷузвдони як зани 21-сола дар Коллеҷи тибии шаҳр 1 гарданбанд ва як ангуштарии тиллоиро дуздидаанд, ки арзиашашон 5 ҳазору 500 сомонӣ будааст. Пулис як ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳрро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят боздошт кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.