spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мавлавӣ Абдуллобеки Язгуломӣ ва бародараш дар ШВКД Исмоили Сомонии Душанбе будаанд

Наздикони Мавлавӣ Абдуллобеки Язгуломӣ гуфтаанд, ки макони боздошти ин руҳонии маъруф ва бародараш муайян шудааст. Ҳоло ин ду бародар дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешудаанд. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти тафтишотӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки онҳо дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбаташон тафтишотӣ пешакӣ оғоз шудааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сомонӣ ин хабарро ба "Озодӣ" тасдиқ ё рад накарданд ва шарҳ надоданд, ки онҳо бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд.

Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. 

Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Изатуллобек ҳар ду хатмкардаи мадорис ва донишгоҳҳи исломии Зоҳидони Эрон ҳастанд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъруфияти зиёде доштанд.

Мавлавӣ Абдуллобеку бародараш ҳамчунин бо он маъруф буданд, ки беморонро Қуръону қасида мехонданд, ки дар ин дар миёни мардум бо номи "ҷинбарорӣ" маъруф аст. Беморони зиёде ба назди ин руҳонӣ ҳам ба зодгоҳашон деҳаи Жамаги ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва ҳам ба Душанбе меомаданд. 

 

Мавлавӣ Абдуллобек бо мавъизаҳо ва ё амри маъруфҳои пурсару садо ва пуршӯраш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф буд. Ӯ аз ҷумла ҳангоми яке аз сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ аз шахси раисҷумҳур тамҷид кард ва нақши шахси Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳу субот ва бозсозии Тоҷикистон хеле барҷаста тавсиф кард. 

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 19-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, субҳи дирӯз як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар-паҳлавон муаррифӣ кард ва гуфт дар нисбати Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.

“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд”-, гуфтааст Қувватбеков.

Бародари ин ду руҳонии боздоштшуда ҳамчунин гуфтааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамроҳ бо Абдуллобеку Иззатуллобек ҳамчунин аз хонаи онҳо  китобҳои мазҳабиву динӣ ва ҳамчунин 80 ҳазор доллари дигарро низ бо худ бурдаанд.

Қувватбек Қуватбекво гуфтааст, ки 80 ҳазор доллар маблағи фурӯши себе будааст, ки бародараш имсол аз Ванҷ овардаву дар бозорҳои Душанбе фурӯхта будааст.

Ба гуфтаи наздикони Мавлавӣ Абдуллобек бо ин пул ин руҳонии маъруф мехостааст барои писаронаш дар Душанбе хона бихарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...