Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон шаҳрванд Бахтовар Яқубовро ба гумони қочоқи миқдори зиёди маводи доруворӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Оҷонсӣ, гумонбаршуда бо роҳи қочоқ дар автомашинаи худ – тамғаи «Toyota Fielder» 34 номгӯи маводи дорувориро ба маблағи умумии 162,8 ҳазор сомонӣ ба Душанбе ворид намудааст.
“Маводи доруворӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандаро надошта, ба шаҳри Душанбе бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шудааст”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, нисбати шаҳрванди боздоштшуда мутобиқи моддаи 289 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Бахтовар Яқубов қаблан низ бо ҳамин моддаи Кодекси ҷиноятӣ (Қочоқ) ҷазо дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.