Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар дар мавриди таблиғоти ғайриқонунӣ ва рекламаи маводи мухаддир дар либос санҷиш гузарониданд.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш дар бозорҳои “Корвон” ва “Ганҷина” дар Душанбе 17 ҳолати фурӯши либос бо тасвири барги ниҳоли бангдона ошкор шудааст.
Аз соҳибкорон қариб 240 адад либоси сабуки варзишӣ ва 530 адад кулоҳи варзишӣ бо тартиб додани ҳуҷатҳои дахлдор мусодира гардидааст.
Зимни санҷиш дар бозори ноҳияи Ёвон либосҳои варзишӣ бо акси ниҳоли бангдона ошкор ва мусодира карда шудааст. Нисбати 4 соҳибкори молики либосҳо парвандаҳои маъмурӣ боз карда шудааст.
Нисбати рэперсароён Зафар Ризоев ва Муҳаммадҷон Шарифзода низ парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардидааст. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Ютуб, Фейсбук, Раудер – Офитсиал ва Тик – Ток саҳифаи алоҳида кушода, дар онҷо сурудҳои тарғиботии дорои характери ҷалбнамоӣ ба нашъмандию нашъаҷалобиро ҷой кардаанд.
Сарояндагони сурудҳои тарғибкунандаи нашъамандӣ ва соҳибкорон дар доираи парвандаи маъмурӣ ба маблағи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима шуда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.