Ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ ба маблағи 37 млн сомонӣ додаашро баргардонидааст. Боз як собиқ роҳбари бонки мушкилдор – бародари Муродалӣ Алимардон низ ба озодӣ баромад.
Собиқ раиси “Агроинвестбонк” Фаррух Тағоймуродов, ки охири соли гузашта, ҳабс шуда буд, аз боздоштгоҳ раҳо шуд, зеро ӯ қарзҳои ғайриқонунӣ додаашро пурра баргардонид, хабар дод имрӯз ба журналистон роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.
Вай инчунин тасдиқ намуд, ки Пардаалӣ Алимардонов, бародари собиқ роҳбари бонки барҳамхӯрда Муродалӣ Алимардон, ки қаблан боздошт шуда буд, тақрибан 91 млн сомонӣ қарзро аз “Агроинвестбонк” баргардонидааст. Ӯро ҳам раҳо кардаанд.
Ба гуфтаи сардори Агентии зиддифасод, мақомоти тафтишот нисбат ба се нафар корманди ҶСП “Коропоратсияи Баракат”, ки ба он Пардаалӣ Алимардонов роҳбарӣ мекард, саволҳои ҷиддӣ дорад.
“Ин се нафар дар азхудкунии ҳудуди 52 млн сомонӣ қарзҳои аз “Агроинвестбонк” гирифташуда гумонбар дониста шуда, тибқи маълумоти мо, дар қаламрави Русия пинҳон шудаанд”, – гуфт Султонзода.
Зимнан зикр шуд, ки давоми 1,5 сол ба “Агроинвестбонк” дар маҷмӯъ зиёда аз 223 млн сомонӣ қарзҳои “мушкилдор” баргардонида шуда, аз ин маблағ то имрӯз боз 146 млн сомонӣ боқӣ мондааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.