Додгоҳи вилояти Суғд нисбати 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марз нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ҳукм баровардааст.
Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки нисбати шаҳрвандони Қирғизистон дар асоси моддаи 335-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.
“Нисбати 18 нафар шаҳрванди Қирғизистон ҷазои ҷарима ва нисбати як нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст. Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 13 нафар, дар суди шаҳри Исфара ва Конибодом парвандаи 3 нафарӣ баррасӣ шуда, онҳо ҷазо гирифтанд”, – гуфт ӯ.
Аммо раиси додгоҳи Суғд дақиқан нагуфт, ки дар асоси ҳалномаи судӣ ҳаҷми ҷаримаи ситонидашуда аз ин 18 нафар чӣ миқдор буд ва як нафарро, ки Бахтиёр Оқилзода гуфт, аз озодӣ маҳрум кардаву ба ӯ чанд сол ҳукм додаанд.
Моддаи 335-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон) аз ду қисм иборат аст. Ба гуфтаи муовини раиси додгоҳ Исмоил Раҳматзода, қисми якуми ин моддаи кодекси ҷиноӣ “ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” аст, ки ҷазои ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро дар бар мегирад.
“Ба қисми 2-и моддаи 335 “сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он” мебошад, ки соли 2018 ба он тағйирот ворид шудааст. Дар он ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол ва маҳрум сохтан аз вазифаи ишғолкарда ва мансабҳои муайян ба мӯҳлати 5 сол пешбинӣ шудааст”, – гуфт Исмоил Раҳматзода
Бино ба иттилои додгоҳи вилояти Суғд соли гузашта низ нисбати 18 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷинояткорон ҷазо гирифта буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.