Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 2 август хабар дод, ки ду нафар аз се корманди гумрук, ки дар қочоқи 90 кг тилло ва 15 млн доллар аз Афғонистон даст доштанд, равонаи зиндон гардида, саввумӣ бо ҷарима халос шуд.
Вай махсусан таъкид кард, ки "ҳангоми анҷоми расмиёти миқдори воридмешудаи мол кормандон ба қонуншиканӣ даст зада, лекин ба худи маҳсулоти қочоқӣ ҳеҷ муносибате надоштанд".
Моҳи апрели соли равон додгоҳи Душанбе як гурӯҳи қочоқбаронро, ки долон (канал)-и интиқоли тилло ва асъори хориҷӣ аз Афғонистонро тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) таъсис дода буданд, маҳкум кард. Онҳо дар кӯшиши аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар баровардани тақрибан 13 млн 500 ҳазор риёли Арабистони Саудӣ, 200 ҳазор фунт стерлинги бритониёӣ ва тақрибан 90 кг тилло гунаҳкор дониста шуданд.
Дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Душанбе он замон хабар дода буд, ки яке аз маҳкумшудагон Маҳмадризо Шарифов сарнозири постгоҳи гумрукии “Панҷи Поён” аст, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амал мекунад. Вай ба муҳлати ду соли корҳои ислоҳӣ ва боздошти 30% аз маошаш ба фоидаи давлат маҳкум шуд. Ду корманди дигари гумруки Тоҷикистон – Зариф Аслонов ва Қурбоналӣ Сайфуллоев борҳоро аз марзи Афғонистон то фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳӣ намуда, барои ин ба зиндон маҳкум шуданд.
Ҳама тилло ва пули дарёфтшуда ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
Хуршед Каримзода ҳамчунин гуфт, ки "мехоҳад дар гирду атрофаш кадрҳои бовиҷдон ва босалоҳият кор кунанд".
Бо ин мақсад Хадамоти гумрук мунтазам барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад, санҷиши сатҳи касбии кадрҳо (аттестатсия)-ро мегузаронад ва аксар вақт қонуншиканонро аз кор озод мекунад.
Дар Афғонистон низ муовини раиси парлумони кишвар Муҳаммад Мирзо Катавозайро, ки ба даст доштан дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 млн доллар аз Афғонистон ба АМА тариқи Тоҷикистон муттаҳам дониста мешуд, аз мақомаш барканор карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.