Додситони ноҳияи Рӯшон, мудири ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта”-и ин ноҳия Вазирова Иззатбегим Перузшоевнаро дар “сохтакории хизматӣ” ва “азонихудкунӣ” мутаҳҳам дониста парвандаи ҷиноиро ба додгоҳ ирсол кардааст.
Вазирова бо ҷурми ғайриқонунӣ ба расмиятдарорӣ ва ба вазифаи нозир ба КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон ба кор қабул кардани шавҳараш айбдор мешавад.
Додситонит кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки додгоҳ ҳукми худро дар баробари Иззатбегим Вазирова содир кардааст, аммо ин ниҳод нагуфтааст, ки додгоҳ чӣ ҷазое таъин кардааст.
Ба иттилои маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи Вазирова Иззатбегим Перузшоевна мудир ва Сарадбеков Сарадбек Назармавлоевич сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон дар асоси моддаҳои 323 (сохтакории хизмаӣ) ва 245 қисми 2 бандҳои “в” ва “г” (азонихудкунӣ) Кодекси ҷиноӣ парванд боз шуда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Додситонӣ мегӯяд, Иззатбегим Вазирова ҳамчун директори КВД “Тоҷиксуғурта” бо мақсади минбаъд дар мӯҳлати тӯлонӣ пай дар пай ба даст овардани даромади муфт, дидаю дониста бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло Абдуллоевичро ба кор қабул кардааст.
Мирзоҷонов Изатулло ба вазифаи нозири КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон аз 01-уми январи соли 2018 бо роҳи сохтакорӣ, ва ғайриқонунӣ дар асоси фармони директори ин корхона ба кор қабул шуда, амалан беш аз ду сол дар ин вазифа кор накардааст.
Ба ҷузъ ин Иззатбегим Вазирова амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон Сарадбеков Сарадбек Назармавлоевич бо истифодаи ваколати мансабии худ аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба суратҳисоби шавҳараш Мирзоҷонов Изатулло дар умум 15882,36 сомонӣ маблағ гузаронида аз они худ кардааст, навиштааст дафтари матбуоти Додситонии кул.
Мақомоти додситонӣ гуфтааст ҳангоми тафтиш зарари ба давлат расонидаи директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшон пурра барқарор карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.