Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ зани 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, гумонбаршуда моҳи майи соли 2015 аз маркази савдои воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи зикршуда бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ рулонҳои матоъи занонаро, ки ба зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия тааллуқ доштанд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Барои ҷинояти шаш сол пеш содиршуда ба ин зан ҷазои то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.