spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мавлавӣ Абдуллобеки Язгуломӣ ва ду шогирдаш равонаи зиндон шуданд

Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ панҷ сол ва ду шогирдаш Имомиддин Алиев ва Назриддин Шукуров 4,5 солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Дар ин бора, Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳукм аз сӯи додгоҳи шаҳри Хоруғ содир шуда, ҳамаи онҳо барои “даъват ба ифротгароӣ тариқи Интернет” паси панҷара рафтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мавлавӣ Абдуллобеки Язгуломӣ ва бародараш дар ШВКД Исмоили Сомонии Душанбе будаанд

Бародари Абдуллобек, Қувватбек Қувватбеков гуфтааст, ки ӯ дар додгоҳ ҳукмро ноодилон хонда, дар сухани охираш гуфтааст, фақат барои давлату кишвараш хизмат кард.

– Вақте президент гуфт, ки ҷавонони донишҷӯ аз Эрон оварда шаванд, даҳҳо нафар бо ташвиқи ӯ баргаштанд. Дар маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ҷавонони деҳаро даъват мекард, ки ба хизмат раванд. Ӯ гуфт, ки наход барои ду навор хизматҳои дигари ӯро ба назар нагиранд ва зиндаонаш кунанд,- гуфтааст бародари Абдуллобек.

Бародараш ҳукмро ноодилона хонда, гуфтааст, ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, ки Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд. Пас аз як ҳафта бародарашро раҳо карда, худи ӯро ба шаҳри Хоруғ бурданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Иззатуллобек аз руҳониёни маъруфи Язгулом

Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Изатуллобек ҳар ду хатмкардаи мадорис ва донишгоҳҳи исломии Зоҳидони Эрон буданд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъруфияти зиёде доштанд.

Мавлавӣ Абдуллобеку бародараш ҳамчунин бо он маъруф буданд, ки беморонро Қуръону қасида мехонданд, ки дар ин дар миёни мардум бо номи "ҷинбарорӣ" маъруф аст. Беморони зиёде ба назди ин руҳонӣ ҳам ба зодгоҳашон деҳаи Жамаги ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва ҳам ба Душанбе меомаданд.

Мавлавӣ Абдуллобек бо мавъизаҳо ва ё амри маъруфҳои пурсару садо ва пуршӯраш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...