Кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки охирин ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ғайр аз ин, сокини дигари 18-солаи пойтахт низ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар назди бинои маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин кормандони милитсия марди 77-солаи сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Раштро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.
Номбурда рӯзи 16-уми сентябр дар манзили истиқоматиаш бо писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1 маротиба ба шиками ӯ задааст, ки дар натиҷа, писараш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.