Прокуратураи генералии Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод намуд, ки дар он пурзӯр кардани ҷазо барои пиёдагардон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ шудааст.
Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» 11 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро риоя намекунанд, хеле зиёданд, лекин дар аксари ҳолатҳо ронандагон ҷазо дода мешаванд.
“Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд”, – омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.
“Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд”, – таъкид мешавад дар хабари дафтари матбуоти парлумон.
Зикр мегардад, ки соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 183 132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35 926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.
Ба ақидаи муаллифони лоиҳаи қонун, ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.
Гуфта мешавад, инчунин дар лоиҳаи Қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.
Инчунин зикр мегардад, ки қабули лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Дар хабари дафтари матбуоти парлумон дар бораи то кадом андоза зиёд шудани ҳаҷми ҷарима маълумот дода намешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини раиси Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар ин робита хабар дод, агар имрӯз барои аз ҷониби пиёдагардон риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаштани роҳ дар ҷойи муқарранашуда огоҳӣ дода шуда, ё 7 сомонӣ ҷарима шавад, пас баъди қабули тағйирот ҷарима 30 сомониро ташкил дода метавонад.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз ҳаҷми ҷарима барои ронадагони мопеду велосипед ва ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт, ки аз роҳ истифода бурда, ба аломатҳои чароғак ё танзимгар ё дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунанд, аз 30 то 60 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст ва баъди қабули тағйирот ҳаҷми он аз 60 то ба 120 сомонӣ боло меравад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.