spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Душанбе: Пулчинак ҳабс ва ронанда ҷарима шуд

Дар  Душанбе боз як  пулчинак (кондуктор)-и микроавтобуси «Хундай Старекс» барои рафтори дағалона ва суханони қабеҳ нисбат ба мусофирон боздошт гардида, нисбаташ ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, пулчинаки автомашина шаҳрванд Манучеҳр Одинаеви 23-сола  баъди муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дастгир гардидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳабси пулчинаки маршруткаи Душанбе барои таҳқири мусофирон

Гуфта мешавад, ки «зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 28-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбат ба муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд».

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи мазкур, ки Одинаев он ҷо ба ҳайси пулчинак фаъолият мекард, барои ғайриқонунӣ бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шудан, бо моддаи 510-и КҲМ Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...