Ҳуқуқшиносон мегӯянд, алайҳи мақомдороне, ки дар тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова ва имзои қарори афви гумонбари парванда даст доранд, бояд бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Охири ҳафтаи гузашта, Радиои “Озодӣ” аз қавли манбаъҳои худ хабар дод, ки дар робита ба парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова ду масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Сабаби барканории харду мақомдор “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” гуфта мешавад.
Сардори ШВКД ноҳияи Сино барои “парвандаро дуруст таҳқиқ накардан” ва муовини аввали додситонии ҳамин ноҳия барои имзои қарори афви як гумонбар дар парвандаи Мадина Мамадҷоноваро аз кор гирифтанд.
– Исмоилзода, ки шоми 2‑юми ноябр пас аз анҷоми машварати кории аъзои ҳукумат аз мақом барканор шудааст, бо чанд зердасташ ва як корманди Додситонии ноҳияи Сино дар робита ба "тақаллубкории парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова" гумонбар мешаванд, – гуфта шудааст дар хабар.
Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки муовини аввали додситонии ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода бар асоси қонуни афв нимаи моҳи сентябри соли равон тафтиши парвандаи Азиза Давлатоваро, ки дар қасди куштори Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад, қатъ карда буд.
Гуфта мешавад, ки фаъолияти ҳардуи онҳо дар доираи “парвандаи Мадина” таҳқиқ шуда, нисбаташон парванда боз мешавад.
Мо аз мақомот ва ҳуқуқшиносон пурсидем, ки дар сурати тасдиқи гуноҳи мақомдорон нисбати онҳо бо кадом моддаи қонунгузорӣ бояд парванда боз шавад.
Дар ҳоле ки мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шарҳи расмии боз шудани парванда ё эҳтимоли боз шудани он нисбати мақомдороне, ки ба тақаллуби “парвандаи Мадина” гумонбар мешаванд, худдорӣ мекунад, як ҳуқуқшиноси тоҷик, ки нахост аз ӯ ном барем, зимни сӯҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, онҳо бояд бо се моддаи КҶ Тоҷикистон: моддаи 360 қисми 1 (ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ), моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва моддаи 316 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба бовари ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов, дар кирдори сардори ШВКД ва муовини прокурори ноҳияи Сино аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятро мушоҳида кардан мумкин аст.
– Ҳар ду мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шояд бесалоҳиятӣ зоҳир намуданд ё аз доираи ваколатҳои хизматии худ баромаданду сӯиистифода намуданд ё таҳти таъсири кадом омилу сабабҳо ва шарту шароит қарор доштанд, бояд мақомоти назортии ҳуқуқтатбиқкунанда таҳлилу баррасӣ карда, бо дарназардошти ангезаҳои ҳолати ба вуҷудомада баҳои дурусти ҳуқуқӣ диҳанд,- гуфт Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, бояд парванда ба додгоҳ пешниҳод шуда, натиҷаи он ба ҷомеа дастрас шавад, то ба ин восита “баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд таъмину кафолат дода, оид ба ташаккули афкори дурусти ҷамъиятӣ мусоидат намоянд”.
Аммо мегӯяд, Ҳакимов агар раванди баррасии қазия бо тарзу усули ғайримашрӯъ анҷом дода шаваду баъди замони муайян иштирокчиёни ин баҳс ба кору фаъолияташон идома диханд, бори дигар ҷомеа шоҳиди беадолатӣ дар робита ба вазъи ҳуқуқӣ ва мақоми иҷтимоии шаҳрвандон дар Тоҷикистон шуда, заминаҳои иҷтимоии давлат низ на танҳо дар дохили кишвар, балки ҷаҳони муосир халалдор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Қазияи Мадина Мамадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома ҳаст, дар ҷомеа сару садо ба по кард. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.
Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.
Рӯзи 1 ноябри соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.