Вазорати дифои Тоҷикистон ба мактуби сокини шаҳри Бохтар Шаҳноза Гадоева, ки бо далели яккаписар ва ятими кул будани додараш хостори озод намудани ӯ аз хизмати ҳарбӣ шуда буд, посух додааст.
Дар посухи расмӣ, ки нусхаи он ба дасти “Азия плюс” расид, омадааст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда маълум шудааст, ки Шумо (Шаҳноза Гадоева дар назар аст-аз муаллиф) таҳти таъминоти давлат қарор доред ва аз ин рӯ, пеш аз муҳлат озод намудани бародаратон Шаҳбоз Гадоев аз хизмати ҳарбӣ ғайриимкон аст.
Посухи расмӣ бо имзои сардори Раёсати ташкил ва сафарбарӣ- муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал майор М. Одиназода ирсол шуда, дар он аз ҷумла гуфта шудааст, ки ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта, он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синии нафақа расидаанд ва ё маъюби гурӯҳи 1 ё 2 мебошанд, инчунин, он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд.
– Мутобиқи талаботи банди 2 қисми 1 моддаи 31 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” нигоҳубини узви оилаи ба кӯмаки дигаркас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд,- омадааст дар посухи расмӣ.
Дар идома зикр мешавад, ки “пеш аз муҳлат аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ озод намудани бародаратон хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 07017 сарбози қаторӣ Гадоев Шаҳбоз Асоевич мутобиқ ба талаботи қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ғайриимкон мебошад”.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш, Шаҳноза Гадоева, хоҳари Шаҳбоз Гадоев гуфта буд, рӯзи 7 октябр додарашро, ки барои ҷустуҷӯйи кор ба шаҳри Душанбе рафта буд, “ба таври иҳотагирӣ (облава) дастгир намуда, ба комиссариати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бурдаанд”.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мавсуф, додараш яккаписар ва яктими кул буда, тибқи моддаи 30-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ӯ аз хизмати ҳарбӣ озод мебошҳад.
– Ҳарчанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи яккаписарӣ, ятими кулл – бо хати вафоти падару модарамро бурдам, вале кормандони коммисариати ҳарбӣ ба ҳарфамон гӯш надоданд,- шикоят намуда буд Гудоева.
Сухангӯи Вазорати дифои кишвар, Фариддун Маҳмадализода зимни суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, воқеан, яккаписар аз хизмати ҳарбӣ озод аст, вале ӯ бояд ба комисияи давъватӣ ҳозир шуда, вобаста ба яккаписар будани худ ҳуҷҷатҳои лоизимиро пешниҳод намояд ва танҳо дар ин сурат ӯ ҳуқуқи озод будан аз артишро соҳиб мешуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.