Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбар ба таҷовузи духтари 12- сола аз ҷониби яке аз наздиконаш дар Ҳисорро 12 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ки ҷониби ҷабрдидаро бо вакили дифоъ таъмин кардааст, хабар доданд.
Пештар додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҳусниддин Абдуллоеви 42-соларо ба 5 соли зиндон маҳкум намуда, бо истифода аз қонуни авф аз толори суд аз иҷрои ҷазо озод карда буд.
Баъди муроҷиатҳои пайдарпайи ҷомеаи шаҳрвандӣ Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Ҳисорро дар робита ба таҷовузи ноблоиғи 12-сола бекор кард ва парванда барои тафтишоти иловагӣ фиристода буд.
“Рӯзи 10 ноябри додгоҳ Ҳусниддин Абдуллоевро бар асоси моддаи 138, қисми 3, банди “а” (Таҷовуз ба номуси шахсе, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ё хеши наздикаш аст) гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. То ин дам мо нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накардем ва рӯзи 24 ноябр аз номи падари ҷабрдида барои дарёфти он ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардем”, – хабар доданд аз ташкилот.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифта, дар он танҳо волидони духтар ва вакили дифои ӯ ҳузур доштанд.
Аз Додгоҳи олӣ ба «Азия-Плюс» ваъда доданд, ки маълумот медиҳанд, аммо то замони нашр ба мо нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки 12 январи соли 2021 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар мавриди парвандаи таҷовузи духтари 12-соларо ба далели вуҷуди камбудиҳо ва нокофӣ будани далелҳо бекор карда буд.
Раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш гуфта буд, ҳангоми тафтиши ҷиноят мақомоти тафтишоти пешакӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва аз ин хотир парванда ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуд.
Ӯ он замон гуфта буд, ки ба суоли он ки оё нисбати судяе, ки камбудиҳоро содир намуд, ягон чораҷӯи шудааст, посух дод, ки вақте тафтишоти иловагӣ, ба охир расиду парвандаи дуввум ба суд ворид шуд ва аз ҷониби суд мавриди баррасӣ қарор гирад, баъд баҳо медиҳем, ки то кадом дараҷа судяе, ки маротибаи аввал парвандаро баррасӣ кард, ба камбудӣ роҳ додааст ва барои камбудиаш чораҷӯи карда шавад ё не.
Хабари дастдарозии марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола ҳанӯз соли 2019 расонаӣ шуда буд.
Он замони гуфта мешуд, ки духтарча 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳусниддин Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.
Хусниддин Абдуллоев бо моддаи 141, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида дар сурати мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят) гунаҳкор дониста мешуд.
Ин парванда яке аз парвандаҳои пурсару садо дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки акнун таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба худ кашидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.