spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Иззат Амонро ба зиндони “Якум Советский” бурдаанд

Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро мақомоти Тоҷикистон барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд.

Дар ин бораи радиои "Озодӣ" бо такя ба писари маҳкумшуда Муҳаммадюсуф Холов хабар медиҳад. Писари Иззат Амон рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Дар Вазорати адлия ҳам ба манбаъ гуфтаанд, Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон дар карантин мемонад ва сипас бо шароити иқомат дар онҷо шинос карда мешавад.

Иззат Амон рӯзи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад.

16-уми ноябри имсол Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни баррасии наздикони Иззат Амон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...