Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсияи пойтахт 3 нафарро боздошт намуда, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи сард аз 5 то 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла аз сокини пойтахт Некрӯз Нодиров корд мусодира гардида, ӯ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.
Гуфта мешавад, аз Алишер Наҷмиддинов низ корд ва аз Ҷаҳонгир Саймурод чӯбдасти резинӣ (дубинка) мусодира гардида, ба аввалӣ 10 шабонарӯз ва ба дувумӣ – 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.
Зикр мешавад, ки амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.