“Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 13 декабр 36 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.
Аз ҷумлаи қоидавайронкуниҳо 14 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша ва яклухт рӯйпуш намудани оинаи пеши автомашина; 4 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе рақами қайди давлатӣ; 12 ҳолати таваққуфи нодуруст дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашон ва қатори дуюму сеюми роҳи мошингард ва 6 адад дигар қоидавайронкуниҳо зикр шудааст.
Гуфта мешавад, ҳолатҳои бештари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ – 13 ҳолат дар ноҳияи Сино, 10 ҳолат – дар ноҳияи Фирдавсӣ, 7 ҳолат – дар ноҳияи Шоҳмансур ва 6 ҳолат – дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.
Инчунин чанде пеш Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ нахустин «ОЗМУН»-и соҳавии беҳтарин навори видео ё сурати ҳолатҳои қонуншиканиро роҳандозӣ мекунад.
Ҳамаи хоҳишмандон бо ирсоли сурат ё навори видео дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ тавассути мессенҷерҳои Вотсап, Вайбер, Имо ва Телеграмм бо навиштаҷоти «Барои ОЗМУН» ба рақами +99255 112 02 02 ва суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе метавонанд дар озмун иштирок кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.