Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони милитсия занеро боздошт намуданд, ки дар дуздии кӯдаки 2,5 сола гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки дар гузориши видеоии “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад, як сокини зани ҷамоати Бӯстон-Қалъа Файзигул Рустамова ба милитсия муроҷиат намуда, иҳзор мекунад, зане бо номи Муслима писараш Ш.Р.-и 2,5-соларо дуздидааст.
Дар гузориши видеоии ВКД гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки Муслима Пӯлод, сокини 21-солаи шаҳри Турсунзода, қаблан бо моддаи 244 (Дуздӣ) маҳкумшуда 5 декабр ба хонаи Файзигул Рустамова омада, аз ӯ дархост мекунад, ки шабро дар хонааш рӯз кунад.
“Рустамова ба ӯ бовар карда, ба хонааш роҳ медиҳад. Лекин рӯзи дигар вақте ки соҳибхона дар хонааш набуд, “меҳмон” кӯдакро бо худ гирифта, ба хонааш – шаҳри Турсунзода мебарад”, – зикр мегардад дар гузориш.
Худи Муслима ҳам дар гузориш ба дуздии кӯдак иқрор шуда, ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 7 декабр тақрибан соати 15:30 рух додааст.
ВКД дар бораи чаро Муслимаро ба хонааш роҳ додани модари кӯдак ва пештар шинос будани занон, инчунин мақсади гумонбаршуда барои дуздии кӯдак маълумот намедиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Муслима Пӯлод мутобиқи моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 8 то 12 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.