Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокини 71-солаи пойтахтро ба гумони даст доштан дар авбошӣ ва расонидани зарар ба саломатӣ боздошт намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда шоми 27 декабр дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди сокини маҳаллӣ ба муноқиша мепардозад.
“Нафақахӯр мардро лату кӯб намуда, бо корд 1 маротиба ба қафаси синааш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.
Зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад. Аз ному насаби иштирокчиёни муноқиша хабар дода нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.