Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ)-и Тоҷикистон ихроҷ шудани 47 қирғизи бумии Тоҷикистонро, ки қаблан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашида, шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтаанд, таъйид кард.
Ин шаҳрвандони акнун Қирғизистон, пас аз даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахши ҳаммарз бо Қирғизистон муваққатан зиндагӣ мекарданд.
Баротзода ба «Азия-Плюс» гуфт, аз ҷузъиёти ихроҷи онҳо огоҳ нест, аммо “шояд сабаби ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон ин вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бошад”.
Хабари ихроҷи ин 47 нафарро расонаҳои қирғизӣ нашр карда, навиштаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ин шаҳрвандонро бидуни огоҳӣ ихроҷ кардаанд.
Вале сомонаи хабарии knews.kg хабар медиҳад, ки рӯзи 2 январ намояндагони мақомоти ноҳияи Лахш дар маркази ноҳия ин 47 нафарро барои як мулоқот ҷамъ мекунанд ва ваъда доданд, ки аз ҳадафи мулоқот дар худи ҳамон ҷо хабар медиҳанд. Ба навиштаи ин сомона дар ҷаласа кормандони сохторҳои қудратӣ, хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Ба навиштаи ин пойгоҳ, «сипас 47 қирғизро ба микроавтобусҳо савор карда, ба гузаргоҳи Қарамиқ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бурданд, то ба қаламрави Қирғизистон фиристода шаванд. Пойгоҳ иддао кардааст, ки нафарони ихроҷшуда аснод барои иқомат дар Тоҷикистонро доштаанд.
Ба навиштаи пойгоҳ, гӯё мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ин шаҳрвандон гуфтаанд, ки дар сурати ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон ба ҷавобагрӣ кашида мешаванд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин бора то кунун ба таври расмӣ изҳорӣ назар накардаанд ва далелҳои овардаи расонаҳои қирғизиро низ шарҳ надодаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.