Кормандони ШКД-1 ноҳияи Фирдавсии пойтахт далели қаллобиро дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, ки аз ҷониби сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ содир шудааст, тафтиш мекунанд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 34-солаи пойтахт (ному насабаш нест) шикоят кардааст, ки 19 июли соли 2021 сокини 27-солаи ноҳияи Восеъ (аз ӯ ҳам ном бурда намешавад) бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 млн 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел тафтишот ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, дар хабар доир ба кӣ будани гумонбар ба аризадиҳанда ва барои чӣ ин маблағро қарз гирифтани ӯ маълумот дода намешавад.
Ахиран дар сомонаҳои ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе дар бораи далелҳои қалобии вобаста ба маблағи ниҳоят зиёд маълумоти зиёд ба нашр мерасад.
Чанде пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи зану марде хабар дода буданд, ки дар Душанбе ба гумони қаллобӣ ба маблағи умумии 12,1 ҳазор доллар боздошт шуда буданд.
Боз чанде пештар аз ин хабар дода шуд, ки як ҷуфти ҳамсарон дар пойтахт ба қаллобӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ба сокини Душанбе харидани хонаро ваъда дода, пулҳояшро азхуд кардаанд.
Бино ба маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 5,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад. Шумори ҷиноятҳои қаллобӣ дар ин давра 25% зиёд шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.