Кормандони милитсия сокини 37-солаи шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар дуздии пули нақд аз терминалҳои пардохт боздошт намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда бо истифода аз калид бо роҳи пинҳонӣ терминалҳои пардохтиро дар кӯчаву хиёбонҳо пойтахт мекушодааст.
Гуфта мешавад, сипас ӯ аз дохили терминалҳо пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадааст.
“Зарари расонида аз ин амалҳои ҷинояткоронаи боздоштшуда 240 ҳазору 980 сомониро ташкил медиҳад”, – омадааст дар хабари Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад. Ному насаби боздоштшуда зикр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли 2021 шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар пойтахт ба андозаи 7,24% кам шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.