spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Мо сӯхтем, шумо ҳам сӯхтед”: посухи раиси корхонаи оташгирифтаи пахтаи Масчоҳ ба деҳқонон

Гурӯҳе аз деҳқонони Мастчоҳ аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, додситони кул Юсуф Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов хостаанд дар рӯёнидани зараре, ки аз сӯхтори корхонаи пахтаи “Музаффар К” ҳосил шуд ёрӣ диҳанд ва ба доди хоҷагидорон расанд. 

Дар оташсӯзии субҳи 25-уми ноябри соли гузашта  дар ин корхонаи бузурги пахта ҳазорҳо тонна пахтаи наздик ба 300 хоҷагии деқонӣ нобуд шуд. Додхоҳии деқонон пас аз он сурат мегирад, ки ба гуфтаи онҳо раиси корхона аз пардохти зарари расида ба онҳо гӯё саркашӣ карда истодааст.

Ин деҳқонон дар як нома, ки нусхае аз он дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор гирифт, хостаанд, ки мақомоти марказӣ ба онҳо кӯмак кунанд, зеро ба иддаои онҳо мақомоти ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳамагӣ аз роҳбарияти корхонаи "Музаффар К" ҳимоят мекунанд ва ин деҳқонон дар ин мушкил танҳо мондаанд.

"Мо сӯхтем, шумо ҳам сӯхтед" – посухи раиси корхона

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иддаои раиси Кооперативи тиҷоратии “Меҳрубон М”-и ноҳияи Мастчоҳ Мамадҷон Сангинов, хоҷагии ӯ ба корхонаи пахтаи “Музаффар К” 123 тоннаю 612 кило ҳосили пахта супурда буд, ки якҷо бо пунбадона 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қимат дошт. Ин яке аз даҳҳо хоҷагии калони пахтакори аз сӯхтор зиёндида аст, ки ба гуфтаи роҳбараш натавониста, ки ҷуброни зарарашро бирӯёнад.

Мамадҷон Сангинов ба “Азия-Плюс” гуфт, мувофиқи шартнома тасмим буд, охири моҳи декабри соли гузашта ё январи имсол нахи пахтаи тайёрро, ки дар корхонаи “Музаффар К” коркард шуда буд, бифурӯшанд. Аммо сӯхтор сар заду ҳазорҳо тонна пахта дар коми оташ монд. Ҳоло, – мегӯяд Сангинов, раиси корхона аз пардохти ҷуброни зарар ба деҳқонон даст кашида истодааст.

“Ба ман гуфтанд, ки аз 43,162 тонна нахи тайёри пахтаи шумо баъди сӯхтор 6,324 тонна ё 14,8% боқӣ монд. Агар диҳанд каму беш 100 ҳазор сомонӣ мешавад. Муроҷиат кардем, гуфтем мо пахтаро насӯхта бошем, он пахтаи мо куҷо шуд. Раиси корхона мегӯянд, чандсола кори ман сӯхт, аз шумо ҳамагӣ яксола, ягон чиз намедиҳам. Охир ин тамоман нодуруст аст, мо зиёни калон дида истодаем”, – нигаронӣ кард ӯ.

Нигаронии деқонон боз сари он аст, ки ба гуфташон “болои сӯхта намакоб” роҳбари корхона гуфтааст 14,8% пахтае, ки баъди оташсӯзӣ бояд ба сари ҳар деҳқон ҷуброн шавад 1900 доллари амрикоӣ нарх гузоштааст. Ин дар ҳолест, ки онҳо мегӯянд, як тонна нахи пахтаро дар  корхонаҳои дигар деҳқонон аз 2330 то 2420 доллар фурӯхта истодаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Корхонаи "Музаффар К" дар соатҳои аввали баъди сӯхтор.

Каримҷон Охунов, роҳбари кооперативӣ-тиҷоратии “Наимҷони Каримҷон” ва яке аз ҷабрдидагони дигари сӯхтор мегӯяд, ба корхона 64 тонна ашёи хом супурда буд, ки  беш аз 700 ҳазор сомонӣ арзиш дошт. Аммо ин деҳқон мегӯяд, баъди коркард тавонист пунбадонаро гирад, вале боз беш аз 500 ҳазор сомонии дигар дар корхона боқӣ мондааст, ки бояд баргардонад.

Ба гуфтаи Каримҷон Охунов дар як ҷаласае, ки дар бинои ҳукумат доир шуд роҳбари корхонаи “Музаффар К” ба деҳқонон гуфтааст, “мо сӯхтем шумо ҳам сӯхтед”.

“Раиси корхонаи “Музаффар К” дар маҷлис гуфт, ки 33%-ро ӯ дар давоми 4-5 сол аз хизматрасониву дигар корҳо ҷуброн мекунад, 33%-и дигарашро давлат диҳад. 33%-и боқимондаро  хоҷагиҳо бояд бахшанд. Аммо баъди чанд рӯзи маҷлис аз корхона гуфтанд, ҳамон пахтаи аз сӯхтор боқимондаро, ки бояд ба ҳар як деҳқон 14,8% расад 1900 долларӣ мефурӯшед ё не. Ба ин нарх хоҷагиҳо розӣ нашуданд ва мо ҳам розӣ нестем. Мо ҷабрдида, маблағамонро ба ҳар баҳонае мехоҳанд надиҳанд”,-мегӯяд ин роҳбари хоҷагии деҳқонӣ.

Ба гуфтаи пахтакорон 285 хоҷагии деқонӣ имсол ба корхонаи пахтаи “Музаффар К” пахта супурда буд. Вале баъди сӯхтор наметавонанд маблағашонро рӯёнанд.

Ин корхонаи азими коркарди пахта дар шимолии Тоҷикистон ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад. Аммо ин соҳибкор аз замони сӯхтор то кунун аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунад ва талошҳои такрор ба такрори "Азия-Плюс" барои гирифтани назари раҳбари корхона дар ин маврид ин иддаоҳои деҳқонон бенатиҷа буд. Раиси корхона дар чанд занги телефонӣ, баъди муаррифӣ ва шунидани номи рӯзноманигор, зангро бидуни ҳарфе қатъ кард. 

Корхонаро қасдан оташ задаанд ё сохтакорӣ буд?

Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ бо гузашти беш аз ду ҳафта аз сӯхтор расман эълом кард, ки корхонаи пахтаи “Музаффар К”-ро қасдан оташ задаанд ва мақомоти милитсияи ноҳия аз руйи моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст.

Неъматҷон Идизода, сардори идораи сухторнишрнии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки оташсӯзии саҳари 25-уми ноябр дар умум ба корхонаи пахта 46 миллион сомонӣ зарар расонидааст, ки 42 миллион аз нахи пахта ва 4 миллион сомонӣ аз молу амволи дигар мебошад. Ӯ гуфта буд, дар натиҷаи сӯхтор 1100 тонна нахи пахтаи тайёр дар коми оташ монда, сӯхторнишонон тавонистаанд танҳо 400 тоннаи онро аз коми оташ наҷот диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бастаҳои сӯхтаи пахта дар корхонаи "Музаффар К"

Аммо гурӯҳи 25-нафараи роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Мастчоҳ дар ин шикояти дастаҷамъонаашон ишора кардаанд, ки мақомоти ноҳиявӣ ва вилоятӣ манфиатҳои деҳқононро сарфи назар карда, дар бегуноҳ нишон додани корхонаи “Музаффар К” дар ҳодисаи сӯхтор талош доранд ва ҳамин тавр корхона аз “ҷуброни зарари расонидааш қатъиян саркашӣ карда истодааст”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хоҷагидорон, ин корхона қасдан оташ зада нашудааст, балки он бар пайи риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ аз сӯйи корхонаи “Музаффар К” сар задааст.

“Аммо раиси “Музаффар К” ва фарзандони ӯ бо дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар задани сӯхторро бо роҳи сохтакорӣ мехоҳанд ба зиммаи шахсони номаълум вогузор намуда аз пардохти зарари ба мо деҳқонон расонидашуда озод гарданд”,- овардаанд деҳқонон.

Раиси Кооперативи тиҷоратии “Меҳрубон М” Мамадҷон Сангинов мегӯяд, аз камераҳои мушоҳидавӣ аён аст, ки корхонаи пахта чӣ тавр оташ гирифтааст. Ӯ низ иддао дорад, ки дар сӯхтор худи корхона айбдор аст ва касе корхонаро қасдан оташ назадааст. Аммо тасдиқи дурустии ин иддао ғайриимкон аст, зеро мақомот фарзияи худро расман эълон кард ва роҳбарияти корхона аз суҳбат худдорӣ мекунад.

Ҳоло ин деҳқонон мегӯянд, тамоми умедворияшон барои пеш бурдани кори хоҷагиҳо ба гирифтани пулашон аз корхонаи “Музаффар К” буд, аммо дигар муфлис шудаанду барои мавсими кишти баҳорӣ пуле надоранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...