spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Маъмури интернет-кафе барои роҳ додани наврасон ба бозӣ 5 рӯз ҳабс шуд

Ба маъмури 20-солаи як маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе Аҳтами Рустам, ки ноболиғонро ба марказ ба бозӣ роҳ додааст, бо қарори суд 5 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ ҷазо таъин шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, қонуншиканӣ дар ҷараёни рейди навбатии кормандони милитсия дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ошкор шудааст.

“Дар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде дар вақти дарс машғули бозиҳои зараровари компютерӣ ҳастанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати волидони наврасони боздоштшуда низ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қатъи фаъолияти як маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Душанбе вуруд ва будубоши ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона манъ шуд.

Ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат содир шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2018 тибқи тағйирот ба қонунгузории кишвар, ба шаҳрвандони ноболиғи кишвар аз соати 18-и шом то 6-и субҳ ҳузур доштан дар маҳфилҳои шомгоҳӣ, маҳфилҳои рақсу мусиқӣ (дискотекаҳо), марказҳои компютерӣ, идораҳои букмекерӣ, тарабхонаҳо ва дигар марказҳои дилхушиву қиморхонаҳо қатъиян манъ шуд. Манъи ҳузур дар ин ҷойҳо дар вақти муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...