spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як корманди Донишгоҳи миллӣ бо пора дастгир ва тибқи қонуни афв озод шудааст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Эгамов бо гумони талаби пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллари америкоӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, баъди боз шудани парванда нисбати ӯ қонуни авфи моҳи сентябри соли 2021 татбиқ  ва парванда  қатъ шудааст.

Сомонаи расмии Оҷонсии зиддифасод навиштааст, ки  Даврон Эгамов замоне ки дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард, бо истифодаи мақоми хизматиаш аз як шаҳрванд барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ 2500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Ба таъкиди ин ниҳод, Эгамов ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

– Оиди ҳолати мазкур нисбати Эгамов Даврон Абдуҳабибович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд,- навиштааст Оҷонсии зиддифасод.

Ин модда ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...