Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок аст, муттаҳам мешавад.
Бар пояи иттилои сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон, бар зидди прапоршик 23-сола Шоҳрух Сангалиев дар асоси қисми 1 моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок аст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
“Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст”, – гуфта мешавад, дар хабари додситонӣ.
Манбаъ мегӯяд, 16 августи соли 2021 тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, байни Сангалиев ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми муноқиша Сангалиев бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, ки барои ҳаёт хавфнок аст, расонидаааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, прапоршикро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста, маҳкум карда ва парвандаро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристодааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.