Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон алайҳи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоят бар асоси чор модда парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора додситони вилоят Парвиз Орифзода дар як гузориши телевизиони "Бадахшон" хабар дод.
Додситони ВМКБ мегӯяд, парванда бар асоси муроҷиати сардори Раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов 31-уми январ боз шуд.
Лутфулло Наврӯзов 31-уми январ дар як гузориши ТВ "Бадахшон" иддао кард, ки Маҳмадбоқир ба макони зисти ӯ, воқеъ қабати чоруми бинои Раёсати маорифи ВМКБ дар ҳолати мастӣ омада, ӯро лату кӯб ва дашному таҳқир кардааст ва гуфтааст, ки ҳудуди шаҳри Хоруғро тарк кунад.
Аммо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, шоми 31-уми январ дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ин иддаои Наврӯзовро рад кард ва гуфт, "ба Худо дурӯғ мегӯяд".
Дар ин гузориши ТВ "Бадахшон" додситони наворҳои камераҳои назоратии як биноро нашр кардааст, ки як марде, ки болопӯши низомӣ дорад, вориди бино шуда як нафарро лату кӯб мекунад. Ба таъкиди додситони ВМКБ Орифзода, ин ҳамон саҳнаи лату кӯби сардори идораи маорифи вилоят аст, ки Наврӯзов рӯзи 31-уми январ дар гузориши телевизионӣ нақл карда буд.
Дар як гузориши 9-дақиқаии ТВ "Бадахшон" рӯзи 2-юми феврал Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ
- 328, қисми 2 – "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият";
- 330 қисми 1 – "таҳқири намояндаи ҳокимият";
- 147, банди а – "вайрон кардани дахлнопазирии манзил";
- 189, банди а – "барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид.
Додситони вилоят дар ин гузориши телевизионӣ, Маҳмадбоқировро саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноии ВМКБ ном бурда, мегӯяд, ки санҷиши аризаи Наврӯзов муайян кардааст, ки 31-уми январ Маҳмадбоқир ҳамроҳ бо ду нафари дигар, вориди бинои маорифи вилоят шуда, дар ҳолати мастӣ ворид шуда, Наврӯзовро наёфтаанд вале сокини биноро лату кӯб кардаанд.
Ба иддаои Орифзода, Маҳмадбоқир, рӯзи 31-уми январ, такроран бори дигар ба ошёнаи чоруми ин бино омада, Наврӯзов Лутфуллоро "мавриди лату кӯби шадид ва таҳқир қарор дод".
Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31-уми январ дар он гузориши ТВ “Бадахшон”гуфта буд, ки Маҳмадбоқир ба манзили зисташ омада, ӯро лату кӯб карда, ҳақорат додааст ва гуфтааст, ки он ҷоро тарк кунад.
Аммо он рӯз Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” ин иддаоро рад кард ва гуфт, ки танҳо дар оғоз, замоне ки Наврӯзов нав сардори маорифи вилоят таъин шуда буд ва дар телевизион дар як суханронияш моро террорист ном бурда буд, рафта бо ӯ вохӯрда ва ӯро хуш омадед кардаму гуфтам, ки ба ин корҳо ҳамроҳ нашавад.
“Ман ба Худо раиси маорифи вилоятро лату кӯб накардаам. Ин кай будааст, ки ман лату кӯб карда бошам. Не, ба Худо қасам, дурӯғ, ин туҳмат аст”,-гуфта буд Муҳаммадбоқир.
Аммо Наврӯзов дар муроҷиати видеоияш мегӯяд, ки мавриди талу кӯб қарор гирифтанаш пас аз замоне будааст, ки дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткории шаҳри Хоруғ дар робита ба ҳаводиси охири моҳи ноябр изҳори назар кардааст.
Ӯ дар ин гузориши телевизионӣ мегӯяд, ки «шаби 29 -уми январ, соати 8 бегоҳ, ба ҷойи хоби ман, воқеъ дар қабати 4 бинои Раёсати маориф дар шаҳри Хоруғ, саркардаи гурӯҳи муташакии ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар ҳолати мастӣ зада даромада, аз ман пурсид, ки аз куҷо мешавӣ? Дар посух гуфтам, ман тоҷикам зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ. Баъд инро шунида ба ман дарафтод. Ба тамоми муқаддасоти ман, модарам, зану фарзанд, авлод ва нисбати мардуми Ванҷ дашному ҳақорат карда, маро мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор дод».
Аммо Муҳаммадбоқир гуфт, ки “ман ӯро дигар бо чашмонам надидаам ва хабар надорам. Ин ҳама туҳмат аст, сафсата аст. Ҳозир ҳама аз болои ман ман қисса мебофанду туҳмат мекунанд. Вай ванҷӣ аст, ванҷиҳо бародарони мананд, ман ба рӯйи ванҷиҳо ҳеч гоҳе даст намебардорам”.
Дар ВМКБ, 25-уми ноябри соли гузашта, бар пайи амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъа, ки дар ин амалиёт кушта шуд, бархе сокинони ин ноҳия, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари вилоят даст ба эътироз заданд, ки то 28-уми ноябр давом кард. Дар ин эътирозҳо се нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шуд.
Ҳамчунин бино ба иттилои расмӣ, 7 нафар хидматчиёни мақомоти интизомӣ ҳам дар ин рӯзҳо лату кӯб шудаанд захм бардоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.