Молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” Гулнора Турсунбоева 24 январ дар фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи зиёда аз 9 кило маснуоти заргарӣ аз тилло боздошт шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода.
“Гулнора Турсунбоева аз ҷониби кормандони КДАМ-и ҷумҳурӣ боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Истанбул дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Аз ӯ 9 килову 300 грамм маснуоти заргарӣ дарёфт шуд, ки ҳамагӣ 4 килояш эъломия дошта ва боқимондаашро мехост траиқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кунад”, – изҳор дошт Каримзода.
Ҳамчунин роҳбари Хадамоти гумрук зикр кард, ки айни замон сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Душанбе Равшан Назирмадов низ барои мусоидат ба ворид намудани маҳсулоти қоқоқӣ ба кишвар боздошт шудааст.
Аммо Каримзода дар бораи бо кадом модда нисбати онҳо боз шудани парвандаи ҷиноятӣ маълумот надод.
Ӯ танҳо изҳор дошт, ки тафтишот идома дорад ва ӯ аз дигар ҷузъиёти масъала маълумот дода наметавонад.
Мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” дар кӯчаи Бухоро, 32-и пойтахт дар паҳлӯи хонаи мебели “Алфемо” воқеъ аст. Дар ин мағоза ороишоти маснуоти заргарӣ аз тиллову сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, ки аз хориҷа оварда мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.