spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВКД: Амриддин Аловатшоев худаш ба Тоҷикистон омад ва баъдан боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ худаш ба Тоҷикистон омад ва баъдан боздошт шуд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Аловатшоев бар асоси дархости Тоҷикистон дар русия боздошт ва истирдод шуд.

"Нисбати Амриддин Аловатшоев бо моддаи гаравшонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар амалҳои хусуссияти ҷиноятидошта парванда боз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт,-гуфт дар нишасти хабарии имрӯзи ВКД, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ин ниҳод  Шодӣ Ҳафиззода.

Аммо Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ, зимни таъйид кардани хабари дар Тоҷикистон қарор доштани Аловатшоев, ки ӯ бар асоси дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба кишвар истирдод шуд.

Юсуф Раҳмон гуфт, ки алайҳи Аловатшоев ин ниҳод ҳанӯз, соли 2018 парванда боз карда буд ва барои боздошту истирдоди ӯ ба Русия санадҳои лозимро фиристода буданд.

"Ӯ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад ва тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ давом дорад",-гуфт Додситони кулл.

Юсуф Раҳмон аз додани ҷузъиёти бештар дар мавриди шеваҳои истирдод ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аловатшоев худдорӣ кард ва гуфт, ки ҷузъиётро метавонед иловатан дархост кунед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ФАВРӢ: Додситони кулл, Амриддин Аловатшоев дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд

Таъйиди  ба Тоҷикистон овардани Аловатшоев аз сӯйи Додситони кул ва ВКД дар ҳолест, ки қаблан худи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои ба Тоҷикистон овардани ӯро дар як суҳбат ба "Азия-Плюс" рад карда буд.

Дафтари матбуоти ВКД гуфта буд, ки чунин иттилоъ дар сомонаҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқобили эътимод пахш мешавад ва он асоси воқеӣ надорад.

– Хабарҳо буд, ки гӯё ӯро дар Русия боздошт кардаанд. Вале дар Тоҷикистон нест. Расонаҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъи бардурӯғро нашр мекунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед. Агар ӯ дар Тоҷикистон бошад мо иттилои расмӣ пахш мекунем,-гуфт ҳамсуҳбати мо аз ВКД.

Хабарҳои зиддунақиз дар мавриди боздошт ва истирдоди Аловатшоевро ба Тоҷикистон дирӯз, 19 январ, пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News», ки бештар ҳаводиси ВМКБ-ро бозтоб медиҳад, нашр кард. Ин пойгоҳ, ба иддаи муаллифонаш аз қавли се манбаи баландмақоми худ аз ВКД Тоҷикистон навишт, ки ӯро дар Белглрад мақомоти қудратии Русия дастгир намуда, аз онҷо ба Москав ва баъд ба Душанбе истирдод намудаанд.

– Аловатшоев дар бинои “УБОП” дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба иттилоъи манбаъи мо нисбати Аловатшоев бо моддаи 189 қсими 1 (барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷинотяӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Шояд ин ягона моддае нест, ки ӯ гумонбар мешавад,-навиштааст «Pamir Daily News».

Ин пойгоҳ ҳамчунин, аз қавли манбаъҳояш навиштааст, ки Амриддин Аловатшоев 27 декабри соли 2021, расо як моҳ баъди гирдиҳамоии зодагони ВМКБ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия дар ҷустуҷӯ буд.

Дар пайи хабарҳои зидду нақиз дар мавриди боздошту истирдоди Аловатшоев бархе аз зодагони ВМКД дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоие нашр карданд, ки дар он онҳо аз ҳукумат ва мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дархост мекарданд, ки дар бораи макони будубоши Амриддин Аловатшоев, ки рӯзи 12 январ дар Русия боздошт ва гӯиё ба Тоҷикистон фиристода шудааст, маълумот диҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Амриддин Аловатшоев яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ дар Русия куҷо шуд?

Давоми се рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо ҳаштагҳои «Покажите Амриддина» (Амриддинро нишон диҳед)  ва «Свободу Амриддину» (Озодӣ ба Амриддин) муроҷиатҳои видеоӣ нашр шуданд.

Зодагони ВМКБ, ки аксаран дар Русия қарор доранд, аз бедарак шудани Амриддин Аловатшоев, ки 12 январ дар шаҳри Белгороди Русия боздошт шудааст, изҳори нигаронӣ карда буданд. 

Дар муроҷиатҳо ҷонибдоронаш мегуфтанд, ки тибқи баъзе маълумот Аловатшоевро ба Душанбе бурда, ӯ дар яке аз боздоштгоҳҳои тафтишотӣ қарор дорад, лекин мақомоти расмӣ ба ин иқрор намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...