Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал эътироф кард, ки дар соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд.
Нусратулло Давлатзода гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ ошкор ва байд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.
«Онҳо 9 – нафар кормандони амалкунандаи кумита, 1 нафар собиқ корманд ва 2 нафар кормандоне, ки тариқи шартнома фаъоляит мекунанд»,-гуфт ӯ.
Давлатзода иловатан гуфт, ки ҳамчунин дар ҳамин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз барои роҳ додан ба камудиҳо аз кор озод шудаанд, ки дар байни онҳо нафароне низ буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.
«Новобаста аз он, ки чораҳои зиёд дар кумита андешида мешавад, мутаассифона камбудиҳо ҷо дорад. Ҷиҳати пешгирӣ кардани ин амалҳо пайваста дар ҷаласаҳо низ чораҷӯйӣ мекунем».
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.