spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бег Сабур ҳанӯз дар рӯйхати сиёҳи Рустами Эмомалист. Аммо бинои “Зарафшон”-ро барои қабул пешниҳод кардааст.

Ширкати сохтмонии “Комил – 2010”, ки моли Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, то кунун се “бинои мушкилдор”-и худро ислоҳ накардаву насупурдааст. Дар ин бора, имрӯз, 4 феврал, дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.

“Дар ҳоли ҳозир комиссия ба таври шабонарӯзи раванди бартараф кардани камбудиҳоро назорат карда истодааст. Ҳоло ин ширкат норасоиҳои як бинояш дар маҳаллаи “Зарафшон”-ро баратарф кардаву барои қабал ба комиссияи давлатӣ пешниҳод кардааст. Мо мунтазири хулосаҳои ниҳоии комиссия ҳастем”,-гуфт Зувайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маълум нест, ки мепазиранд ё не, комиссия тасмим мегирад. Ҳамчунин ба ширкат гуфтаанд, ки мушкилоту норасоии биноҳои дигарашро, ки комиссия то ҳанӯз қабул накардааст, бартараф кунад.

Зувайдзода, баъди нишаст дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки ширкати “Комил-2010” то кунун дар рӯйхати сиёҳ аст ва ба ӯ дигар иҷозат барои сохтмон намедиҳанд.

Интиқодҳо аз Бег Сабур

Интиқодҳои расмӣ алайҳи ширкати “Комил-2010”, ки марбути Бег Сабур мебошад дар нишасти матбуотии як сол пеши  Кумитаи сохтмону меъморӣ садо дода буданд, ҳарчанд шикоятҳо аз сифати сохтмонҳои марбут ба ширкатҳои Бег Сабур дар миёни мардум то ин вақт ҳам бисёр буд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Он замон Маҳмадсаид Зувайдзода гуфта буд, ки “Ширкатҳои ӯ, “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад. Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд”.

“Сокининони бинои дарволзи ғарбӣ, дар маҳаллаи “Зарафшон” 8 сол аст, ки ҳеч санаде надоранд,-гуфта буд он вақт Зувайдзода.-Мо он ҷо як коммисияи корӣ гузаронидем, аллакай комиссияи давлатӣ ба кор сар кардааст. Дар бинои дигар ҳам комиссияи давлатӣ ба кор пардохт ва имзоҳо ҷамъ карда шуда истодаанд. Дар як биное, ки дар маркази шаҳр буд, ду лифтро насб накарда буданд… Ман худам рафта дидам, аз се лифт дутор насб кардаанд ва ҳоло сеюмро ҳам насб мекунанд. Ин ҷоро ҳам комиссияи давлатӣ месанҷад. Ҳамагӣ як бино мемонад, дар назди бемористони кассалиҳои сироятӣ. Мушкилиҳош (аз Бег Сабур) зиёданд”.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





 Дар тамоми кишвар сохтмони биноҳои бисёрқабатеро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксари ин биноҳоро танқид мекунанд, аммо аз ҳисоби он ки арзиши онҳо арзонтар аст, мардум аз онҳо бештар мехаранд.

Зимнан, Бег Сабур то кунун таъйид накардааст, ки ширкатҳои сохтмонӣ марбути ӯ мешаванд.

Дар Тоҷикистон, бар асоси қонун мансабдорон ҳаққи ба тиҷорат ва соҳибкорӣ сару кор гирифтанро надоранд. Аммо ин суханони раиси кумитаи сохтмону меъмори баёнгари онанд, ки Бег Сабур бо нақзи қонун ба соҳибкори ва тиҷорат срау кор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...