spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ба “Хӯҷа-командир” боз 30 соли зиндон таҳдид мекунад

Ба собиқ фармондеҳи саҳроии замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Хӯҷа Каримов маъруфтар бо номи “Хӯҷа-командир” пас аз айбномаҳои нав боз 30 соли зиндони низомаш шадид таҳдид мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

“Беш аз 15 кас дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов шикоят карданд. Покуратура парвандаро ба Суди олӣ фиристод. 30 сол ҳабс талаб карданд. Ҳукм рӯзҳои наздик эълон мешавад”, – хабар додааст ба Радиои Озодӣ як манбаъ.

Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баррасии парвандаҳои нави падарашро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест.

“Ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад" – иброз доштааст Наргиси Абдураҳим.

Назари вакили мудофеи Хӯҷа Каримов ҳанӯз дастрас набуда, ҳамсуҳбати Радио дар Додситонӣ, ки аз парвандаҳои Хӯҷа Каримов огоҳ аст, гуфтааст, ӯ дар мурофиа баъзе аз иттиҳомҳоро қабул накардааст.

Моҳи марти соли гузашта Хӯҷа Каримов ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Мақомоти интизомӣ он замон гуфта буданд, ки Каримов бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам аст. Ин парвандаҳо дар бораи рӯйдодҳои давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Он замон Хӯҷа Каримов фармондеҳ ё ҷангсолори Фронти Халқӣ буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Прокуратураи генералӣ: Хӯҷа-командир ба наздикӣ назди суд ҷавоб хоҳад гуфт

“Хӯҷа-командир” моҳи августи соли 2019 дар Дубай боздошт шуд. Бо дархости мақомоти Тоҷикистон ӯ ба рӯйхати шахсони таҳти пайгард қарордоштаи Интерпол шомил гардида буд. Баъди чанде ВАО хабар доданд, ки ӯ бо баёноти тарк накардани маҳалли зист то баррасии масъалаи истирдод раҳо шудааст. Моҳи феврали соли 2020 дар ниҳояти кор ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба ватан истирдод шуд.

Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро соли 2001 тарк карда, баъдан дар Малайзия ба сар мебурд. Ӯ ба тиҷорат машғул шуда, мунтазам ба АМА равуо дошт.

Шоҳидони ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон "Хӯҷа-командир”-ро ба бераҳмии хос нисбат ба мардуми осоишта муттаҳам мекунанд. Мақомот изҳор мекунанд, ки ӯ дар куштори ду вакили парлумони Тоҷикистон – Саидшо Саидов (Шоев) дар соли 1993 ва Тағай Шукуров дар соли 1997 даст дорад.

Соли 2019 “Хӯҷа-командир”-ро инчуин ба даст доштан дар фурӯши занон, ки аз Тоҷикистон ба Дубай барои фоҳишагарӣ фиристода мешуданд, айбдор карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...