Як муфаттиши Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора аз сӯйи Оҷнсии зидди фасод боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Шарафзода аз ин афсари боздоштшудаи пулис, муфаттиши шуъбаи тафтишотии РКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Илҳом Умаров ном бурд, ки ҳангоми иҷрои вазифа ва зимни гирифтани пора боздошт шудааст.
“Илҳом Умаров Юнусович аз шаҳрванд Усаров зимни тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошт рӯзҳои 8-9-уми июли соли 2021 барои иҷрои амал 9 ҳазор сомонӣ мегирад. Бори охирон ҳангоми гирифтани маблағи муайян аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дастгир шуд”,- гуфт, Аваз Шарафзода.
Сардори Раёсати Оҷонсӣ ҷузъиёти парвандаи муфаттиши пулисро шарҳ надод, ки вобаста ба кадом парвандаи ҷиноии дар пешбурдаш қарор дошта аз шаҳрванд пора гирифтааст.
Аммо мақомоти зиддифасод нисбати муфаттиш бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ “гирифтани пора” парванда боз кардааст.
Қисми 2-и ин моддаи Кодекси ҷиноӣ гирифтани пора барои ҳаракати ғайриқонунии аз ҷониби шахси мансабдорропешбинӣ мекунад.
Дар асоси қонун алайҳи ин нафарон ҷарима ба андозаи аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяншуда то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.