spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шоҳида Маҳмадҷонова – модари Абураҳмон 09-ро ба СИЗО интиқол доданд

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09-ро ба CИЗО ё Муассисаи тафтишотии шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ин бора модари Шоҳида, Идимоҳ Маҳмадҷонова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи Идимоҳ Маҳмадҷона ду рӯз аст, ки ба духтараш хӯрок мебарад, вале иҷозат барои дидорбинӣ ба ӯро намедиҳанд. 

Холаи Идимоҳ, ҳамзамон гуфт, ки барои дидорбинӣ ба ӯ ҳуҷҷате, ки иҷозати воридшуданро диҳад лозим аст. Вале Маҳмадҷонова ҳоло онро натавонистааст бигирад, чун бемор шудааст. 

Ин модар бо гиря қисса кард, «намедонам чи кор кунам. Назди духтарам намемонанд дароям. Справка лозим, ман ҳоло надорам. Саломатиям хуб нест, чи кор кунам, зор мондаам».

Шоҳида Маҳмадҷонова аз 3-юми феврали соли 2022 баъди рафтан барои гирифтани телефонаш аз як корманди  ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бедарак шуда буд ва баъди 5 рӯз мақомот аз боздошти ӯ хабар доданд.

Хотиррасон мекунем, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар як изҳорот Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷинояти Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаааст.

Ин моддаи кодекси ҷиноӣ аз панҷ то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шоҳида Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи пулиси Душанбест? “Ахборот дода наметавонем”

Ҳамчунин ВКД дар он хабарномааш гуфта буд, ки  Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, яъне фарзанди Шоҳида Маҳмадҷонова "на , блогер ва ё ин ки опозитсионер, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад".

ВКД ҳамчунин дар он хабарнома гуфта буд, ки ки "барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад",-ин дар ҳолест, ки пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова  мегӯянд барои дидорбинӣ бо ӯ ҳануз муваффақ нашудаанд ва давоми панҷ рӯзи аввале, ки ӯро кофтукоб мекарданд, мақомоти корҳои дохилӣ ба онҳо маълумоте намедод ва дар куҷо қарор доштани ӯро ҳам намегуфт.

Бар асоси муроҷиати пайвандони Маҳмадҷонова, ҳоло Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон масъулияти ҳимояи ҳуқуқи ӯро дар марҳилаи тафтишот ба дӯш гирифтааст.

Шерзод Маҳмадҷонов ё Абдураҳмон 09 дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” даъватҳои модараш аз сӯйи мақомот ва боздошти ӯро ба фаъолияти блогерии худ ва нашри наворҳои интиқодиаш дар мавриди сатру ҳиҷоб ва дигар ҳуқуқҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқодҳо аз мансабдорони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад.

Ин блогери ҷавон, ки ҳоло дар Олмон паноҳанда аст, ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс карда, сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, ки маҳз танқидҳои ӯ сабаб шудааст, ки ба модараш фишор биёранд.

Ба иддаои Шерзод, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд.Аввали соли 2020 низ Шоҳида Маҳмадҷоноваро дар бемористони шаҳри Ваҳдат аз кор ронда буданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт, аммо писараш гуфта буд, ки модарашро барои интиқодҳои ӯ аз кор ронданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...