Додситони вилояти Суғд алайҳи директори генералии корхонаи давлатии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҷурми аз худ кардан ё исрофкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои мақомот, Ҳайдар Эшонқулов директори ин корхона бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағи корхонаро тасарруф кардааст.
Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, Эшонқулов тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигар масъулони корхона солҳои 2017-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ даст ба ҷиноят задааст.
“Кориҷрокунандагон корҳои тозакунӣ, безараргардониро воқеъан иҷро накарда бошанд ҳам, дар ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ онҳоро ҳамчун иҷрошуда нишон дода, маблағи пулии корхонаро дар маҷмӯъ дар панҷ ҳолат воситаҳои асосӣ ва гардони корхонаи мазкурро ба маблағи 2,5 млн сомонӣ тасарруф намудааст”,-гуфт додситони Суғд.
Алайҳи ин мансабдори давлатӣ ва масъулони дигари дахил дар ин қазия мақомоти додситонӣ соли гузашта бар асоси моддаҳои 245 қисми 4 барнди “б”, 295 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.
Додситонии Суғд, соли гузашта дар натиҷаи санҷиши буҷаи ва бахши молия, хариди давлатии мол ва хизматрасониҳо 102 ҷиноятро ошкор кардааст, ки 90-тои он ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.