Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 24 феврал Ҳамидзода Бароталӣ Партов аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд. Сипас дар мувофиқа бо президент ӯ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд.
Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Маълумоти олӣ дорад. Аз соли 1989 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад.
Фаъолияти кориро ба сифати нозири ҳаракат дар роҳи БДА оғоз намуда, ба ҳайси роҳбари шуъбаи Хадамоти роҳу посбонӣ (ДПС)-и ШБДА, сардори шуъбаи нозироти техникии ШБДА, фармондеҳи баталони алоҳидаи Хадамоти роҳу посбонӣ (ДПС)-и ШБДА ифои вазифа намудааст.
Сипас дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ВКД, муовини сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ кор кардааст.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ 10 сентябри соли 2020 Бароталӣ Ҳамидзода муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Бо мукофот ва ифтихорномаҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 24 феврал бо фармонҳои президент ва қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои раҳбарияти ВКД тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед” – гуфт сарвари давлат дар анҷоми мулоқот.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.