Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ дар ҷудо кардани қитъаи замин мансабдори маҳаллиро боздошт намуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Агентии зиддифасод хабар медиҳад, як шаҳрванд ба Агентӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки раиси ҷамоати Заргар Суҳроб Муродов бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, барои ҷудо кардани 0,04 га китъаи замини наздиҳавлигӣ аз хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов” аз ӯ 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
“Сипас барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он боз 20 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст”, – омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, Муродов аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд дар утоқи кориаш дастгир карда шудааст.
Нисбат ба боздоштшуда бо моддаҳои 247 ва 338 парвнадаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаҳо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи амвол ё фаъолият дар мансаби муайян ва машғул шудан ба фаъолият муайян ба муҳлати 5 сол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки 28 феврал дар маҷлиси ҳукумат президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои масъул дастур дод, ки ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд кардани майдони заминҳои киштшаванда ва истифодаи оқилонаи замин, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.