spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Конибодом ду мактабхонро барои таҷлили зодрӯз ҷарима карданиянд

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ду хонандаи як мактаб, ки зодрӯзи худро дар тарабхона ва манзили истиқоматӣ дар ҳалқаи гурӯҳи ҳамсинфон таҷлил кардааанд, ба нақзи қонуни танзими расму оинҳо айбдор мешаванд.

Бино ба иттилои мақомот, соҳибҷашнҳо хонандагони синфи 11-и мактаби рақами 14-и ин шаҳр буда дар як ҳолати дигар ба ҷузъ таҷлили зодрӯз дар тарабхона бо дастовезе омӯзгори худро аёдат ва ӯро низ бо зодрӯзаш табрик кардаанд.

Мақомоти милитсия аз рӯйи се ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз кардааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ҳолати аввал як хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 14-и Конибодом бо даъвати 10 нафар ҳамсинфи худ ва оростани дастархон дар қаҳвахонаи “Латифӣ”-и ин шаҳр зодрӯзи худро таҷлил кардааст. Ба ҷузъ таҷлили зодрӯз дар қаҳвахона ҳамзамон ин гурӯҳи хонандагон аз зодрӯзи омӯзгори худ огаҳ шуда бо дастовез табрикоти дастаҷамъона кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ин омӯзгор аз фанни забони англисӣ дар мактаби рақами 14-и шаҳри Конибодом дарс мегӯяд. Ва гурӯҳи хонандагон ӯро аёдат карда бо тӯҳфае ба ифтихори 60-солагияш табрик кардаанд, ки ин низ хилофи талаботи қонун мебошад.

“Мақомоти милитсия замоне аз ин ҳуқуқвайронкунӣ огаҳӣ пайдо кард, ки сабти видеоии чорабиниро наврасон паҳн кардаанд”,-гуфт, Акбар Шарифӣ

Инчунин манбаъ мегӯяд, боз як ҳолати таҷлили зодрӯзи хонандаи синфи 11-и ҳамин мактаби шаҳри Конибодомро ошкор карданд, ки дар манзили худ 15 ҳамсинфашро даъват карда зиёфат додааст. Соҳибҷашнҳо яке писар ва дуюми духтар будаанд.

Мақомоти милитсия хонандагонро дар нақзи моддаи 8-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” муттаҳам бар асоси моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавод тартиб додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин банди қонун барои риоя накардани тартиби муҳарраркардаи ин қонун ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 120 нишондиҳанда ва ба шахсони мансабдор аз 250 то 370 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар кардааст.

Бино ба муқаррароти қонуни танзими расму оинҳо ҷашни зодрӯз дар Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила сурат мегирад.

Қаблан Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буд, давоми соли 2021 дар шимолии Тоҷикистон 222 адад парвандаҳои вайрон кардани талаботи қонун “Дар борраи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро баррасӣ кардаанд. Вай гуфт аз рӯйи ин парвандаҳо нисбати 203 нафар ҷазои ҷарима ба маблағи 1 млн 213 ҳазору 930 сомонӣ таъин кардаанд.

Раиси додгоҳи Суғд аз зиёд шудани парвандаҳои марбут ба вайрон кардани  талаботи қонуни танзими расму оин дар соли гузашта нигарони карда гуфт,  соли 2020 дар вилоят ҳамагӣ 188 парвандаро баррасӣ карда буданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...