Зане, ки моҳи ноябри соли гузашта кӯдаки думоҳаи як сокини шаҳри Душанберо дар дармонгоҳи №13 рабуда буд, 9,5 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон дар як хабарнома иттилоъ медиҳад.
Ин ҳодиса, ки рӯзи 30-юми ноябри соли 2021 рух дода буд, дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро барангехт.
Додситони кул аз ин зан Нигора Ахмедова ном бурдааст, ки 30 ноябри соли 2021 дар Маркази саломатии №13-и Душанбе бо роҳи фиреб фарзанди думоҳаи Манзура Назарова, як сокини шаҳри Душанберо рабуда, ба хешовандонаш гуфтааст, тифли навзод аз худи ӯст.
Ин ниҳод мегӯяд мегӯяд, Нигора Ахмедова бо Манзура Назарова ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 “шиносои пайдо карда, бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавл ва кӯмакрасон нишон додааст”.
– Баъди бо роҳи фиреб барои дастпӯшак равон кардани Назарова аз фурсат истифода бурда, зидди иродаи номбурда пинҳонӣ фарзанди хурдсолаш Ҷалолов А.Ю.-ро рабуда, ғайриқонунӣ ба даст овардааст, – омадааст дар хабарномаи Додситони кул.
Дар идома гуфта мешавад, ки Ахмедова кӯдакро рабуда, акси тифлро ҳам гирифта, тавассути телефон ба шавҳари муҳоҷираш дар Русия фиристодааст.
Додситонӣ афзудааст, ки нисбати Нигора Ахмедова бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” (одамрабоӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 20 январи соли 2022 Ахмедова бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмнсур ба муҳлати 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 декабр Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз пайдо шудани кӯдаки 2-моҳае, ки рӯзи 30-юми ноябр дар Душанбе дар назди дармонгоҳи рақами 13 (собиқи дармонгоҳи № 1) дуздида шуда буд, хабар дода гуфта буд, ки нафари гумонбар дар дуздии кӯдак ҳам боздошт шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.