Суд пулчинак (кондуктор)-и микроавтобус (маршрутка)-и як хатсайри пойтахт Муродбек Ҷамолиддинзодаи 22-соларо барои дағалрафторӣ нисбат ба мусофири пирамард ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.
Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 5 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчинаки (кондуктор) хатсайри №15 нисбати як нафар мусофири пирамард инъикос ёфта, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
“Дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки дар доираи қонунгузорӣ амалу рафтори номбурда баҳо дода шавад”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур ва роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфтор муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
“Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбати мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”, – хабар медиҳад Раёсат.
Нисбат ба Муродбек Ҷамолиддинзода тибқи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хизматрасонии мусофиркашонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.