Баҳси додгоҳии ду ҷавоне, ки 19-уми декабр дар Душанбе ду духтари ноболиғро мавриди озору азияти лафзиву ҷисмонӣ қарор дода буданд, ба поён расидааст. Додситон барои ҷавони гумонбар 3,5 соли зиндон талаб кардааст, вале духтарони ноболиғ ва падару модаронашон аз додгоҳ хостаанд, ки ҷавононро пушти панҷара набарад.
Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик ва модари яке аз духтарони ҷабрдида, ҷузъиёти ҷаласаи ахири додгоҳиро нашр кардааст.
Бояд гуфт, ки ин ду ҷавон, пас аз он ки аксҳояшон аз сӯйи падару модари духтароне, ки гуфта мешуд мавриди хушунати онҳо қарор гирифтаанд, нашр шуд, аз сӯйи пулиси шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд ва се моҳи ахир дар ҳабс қарор доштанд.
Он замон, волайдни духтарон иддао карда буданд, ки ин ду ҷавон, дар пеши Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба ин ду духтари ноболиғ ҳарфҳои дағал гуфтаву онҳоро тавҳин карда ва ҳамчунин онҳоро теле дода ба замин афтонда буданд.
Шаҳноз Комилзода навиштааст, ки додситон барои ҷавонони гунаҳкор 3,5 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кард ва худи ҷавонон ҳам ба гуноҳашон иқрор шуданд. Аммо ба навиштаи ин рӯзноманигор духтараш ва ӯ дар ниҳоят, бо дар назар гирифтани шароити ҷавонон аз додрас хостаанд, ки ҷавононро бибахшад ва пушти панҷара набарад.
"Аммо духтари ман розӣ нашуд. Рӯзи аввали додгоҳ ҳамсари яке аз айбдоршавандаҳо бо ду фарзанди 2 ва 3 -солааш хона омад. Манзараи мулоқоти падар ва фарзанд пас аз 3 моҳ дурӣ дар зеҳни Мумтоз (духтари Комилзода АП) чӣ таҳавулотеро ба бор овард, ки якбора назарашро дигар карду аз додрас хоҳиш кард, то ба хотири кӯдаконаш, падарро озод кунанд. Мумтоз гуфт, ҳадафаш ҷазо ва дарси адаб ба дигар занозорони хиёбонӣ буд. Агар одам ислоҳ шуданӣ бошад дар ҳамин 3 моҳ ислоҳ мешавад, агар не пас дар сад сол ҳам ислоҳ намешавад",-мегӯяд Комилзода.
Ба гуфтаи модари Мумтоз, пас аз ин кори духтараш, дугонааш ҳам бо ӯ ҳамфикр шуд ва мо низ онҳоро бахшидем.
Ба навиштаи Комилзода, ин наухстин мавридест, ки дар Тоҷикистон барои хиёбонозории занон парвандаи ҷиноӣ боз мешаваду он то марҳилаи ахири додгоҳӣ мерасад.
Шаҳноз Комилзода мегӯяд, ки барои ӯ муҳим татбиқи адолат пуштибонии фарзандаш буд, ки то ахир дар ин қазия истодагарӣ кард ва мақомоту созмонҳои иҷтимоӣ низ онҳоро ҳимоят кардаанд.
-Вазъи ноҳинҷорӣ хонаводагӣ ва наздикони маҳкумшавандаҳоро, – ин рӯзноманигор аз далелҳои дигари бахшидани гунаҳашон медонад,-"мо натавонистем сарнавишти чанд хонаводаро вайрон кунем".
Додгоҳ пас аз бахшидани ҷабрдидаҳо ва волидайни онҳо, ин ду ҷавонро ҷарима карда, ҳар кадоме аз онҳоро ба беш аз 64 ҳазор сомонӣ ба нафъи давлат ҷарима кардааст, ки тибқи ҳалномаи додгоҳ ниме аз онро мепардозанд барои пардохтани ними дигари маблағи ҷарима ба корҳои коммуналӣ ҷалб мешаванд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳангоми боздошти ин ду ҷавон хабар дода буд, ки алайҳи онҳо бар асоси қисми 2 моддаи 237 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ин моддаи қонун то 5 соли маҳрум кардан аз озодиро пешгбинӣ мекард.
Ин ду ҷавон, яке Кароматулло Қурбонов бо тахаллуси «Каром»-и 20-сола ва дигаре Маъруф Носирови 27-сола гуфта мешуданд, ки ҳар ду сокини Душанбе ҳастанд.
Пулиси Душанбе он замон дар шарҳи қазия гуфта буд, ки "дар пайи санҷиши пешакии ҳодиса муайян шудаст, ки 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Гранд-Отел 2 нафар ноболиғдухтаронро, ҷавонписарони дастгиршуда бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру руймол мавриди дашном қарор додаанд. Ва баъди ба навор гирифтани кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписарон, онҳо телефони яке аз духтаронро мешикананд".
Баъди ин, бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД "бо истифодаи зуроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд».
Шаҳноз Комилзода пас аз поён ёфтани ин қазия бархе аз муколама раванди додгоҳӣ ва гуфтгузори худашро бо духтараш нашр кардааст:
Судя: ҷабрдида, шумо имкони гурехтан доштед, чаро нагурехтед?
Мумтоз: Ман чӣ тавр дугонаамро танҳо монда мегурехтам? Ман бояд дугонаамро аз дасти ин айбдоршавандаҳо наҷот медодам!
Судя: Ҷабрдида бо суханони айбдоршаванда розӣ ҳастед?
Мумтоз: қисман! нисфи гапаш дурӯғ аст. Акаи М. аввал гурехт, аммо дубора омад. То охир онҷо буд бо акаи Қ.
Судя: аммо ҷабрдида исрор дорад, ки ӯ набуд, гапи кадоматонро бовар кунам?
Мумтоз: Албоме, ки дар дастатон аст ( манзураш парванда аст) онҷо акси акаи М. ҳаст. Акс ҳамаашро исбот мекунад…
Судя: Ҷабрдида шумо ин айбдоршавандаҳоро мешиносед?
Мумтоз: Не, ҳамон рӯз бори аввал дидамшон.
Судя: "Ака" гуфта ба онҳо муроҷиат мекунед, гӯё шинос ҳастед….
Мумтоз: аз ман калон ҳастанд, ман бо ҳама одамҳои аз худам калон ака гуфта муроҷиат мекунам.
Судя: онҳо туро заданд ку?!
Мумтоз: Фарқ надорад, аз ман калонанд.
Прокурор: … ба М. 3 сол ва ба Қ.3,5 сол ҳабс пешбинӣ шавад…
Судя: ҷабрдида, сухани охирони шумо, бо дархости прокурор розӣ ҳастед?
Мумтоз: (хомӯш монд, нигоҳе ба паси панҷараи айбдоршаввндаҳо карду бо садои ларзон гуфт) Не, розӣ нестам! 3 сол зиёд аст.
Судя: Зиёд? онҳо шуморо заданд боз дилат ба онҳо месузад?
Мумтоз: ба онҳо не, ба кӯдаконаш дилам месӯзад. Намехоҳам кӯдакон бе падар калон шаванд! Ман онҳоро бахшидам!
…
Соат 2 шаб… садои навозиши гитор аз хоб бедорам кард. Мумтоз бо тамоми вуҷудаш гитор менавохт. "Мамаҷон, намехоҳам аз барои ман 2 кӯдак аз падарашон дур монанд…шумо намефаҳмед бепадар будан яъне чӣ, аммо ман мефаҳмам!"
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.